Дар чанд ҷумла
Номаи мухолифони ҳукумат ба Иттиҳодияи Аврупо

Гурӯҳе аз раҳбарони мухолифони сиёсии ҳукумати Тоҷикистон, ки аксарашон дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебаранд, аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати ислом, Додоҷон Атовуллоев, раҳбари Анҷумани нерӯҳои созанда, Алим Шерзамонов, раиси бахши бадахшонии ҳизби сотсиал-демократ ба Ҳидоят Бишчевич- намояндаи Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон номаи кушода фиристодаанд.
Ин нома дар остонаи мулоқоти Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Брюссел бо намояндагони Иттиҳодияи Аврупо ба забонҳои тоҷикиву англисӣ ва русӣ навишта ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ чоп шудааст.
Намояндагони мухолифони ҳукумати Тоҷикистон аз Иттиҳодияи Аврупо хостаанд, ки "барои рӯшан шудани ҳақиқат аз ҳукумати Тоҷикистон бихоҳад, то барои намояндагони созмонҳои ҳуқуқи башар, ба хусус ба намояндаи Иттиҳодияи Аврупо иҷоза бидиҳад, бо боздоштшудаҳо дидор ва гуфтугӯ кунад ва бо парвандаи онҳо аз наздик ошно шавад."
Муаллифони нома навиштааанд: "Баъзе аз боздоштшудаҳо дар оғоз барои худ вакили мудофеъ истихдом карда буданд, вале мутаассифона, худи ин адвокатҳо низ ба тӯҳматҳои воҳӣ ва пуч боздошт ва ҳаминак зиндонӣ ҳастанд, аз ҷумла Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Махкамов. Ва ҳамчунин вакилони дигар, тибқи ахборе, ки ба мо мерасад, шадидан таҳти фишоранд. Ҳатто кор ба ҷое расида, ки вакили мудофеи бархе аз боздоштшудаҳо барканор ва ба ҷояш касе ӯҳдадори «дифоъ» шудааст, ки ҳукумат ӯро таъин карда, аз ҷумла дар мавриди вакили мудофеи Муҳаммадалӣ Ҳаит, узви раёсати олии ҲНИТ, ҳамин корро кардаанд”.
Ин нома аз 7 банд иборат аст ва дар он изҳори умедворӣ шудааст, ки Иттиҳодияи Аврупо барои рӯшан шудани вазъ бо намояндагони мухолифони сиёсии ҳукумат ҳамкорӣ кунад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Шарҳи ёвари Путин дар бораи мулоқоти раҳбарони Русия ва Амрико

Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия Владимир Путин, гуфт, Маскав ва Вашингтон барои мулоқоти раҳбарони ду кишвар дар "рӯзҳои наздик" розӣ шудаанд.
Ӯ афзуд, омодагӣ ҷараён дорад ва макони баргузорӣ низ аллакай маълум аст.
Эҳтимоли мулоқоти Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва Путин рӯзи чаҳоршанбе, пас аз сафари фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳида Стив Виткоф ба Маскав расонаӣ шуд.
Баъзе аз расонаҳои амрикоӣ бо такя ба манобеи худ навиштанд, ки мулоқоти ҷонибҳо мумкин аст ҳафтаи оянда шавад, аммо ин иттилоъ ба таври расмӣ тасдиқ нашудааст.
Ушаков гуфтааст, мулоқот бо даъвати Амрико сурат мегирад, вале баъзе аз манобеи амрикоӣ иддао доранд, ки пешниҳод аз Кремл аст.
Марко Рубио, котиби давлатӣ ё вазири корҳои хориҷии Амрико, рӯзи 6-уми август дар суҳбат бо телевизиони Fox News гуфт, Вашингтон ва Маскав пеш аз нишаст бояд “мавқеъҳои худро ҳамоҳанг кунанд”.
Дар айни ҳол Юрий Ушаков гуфтааст, Маскав ба мулоқоти эҳтимолии байни Путин, Трамп ва президенти Украина Владимир Зеленский омодагӣ намебинад.
Вай гуфт, чунин пешниҳод аз тарафи Иёлоти Муттаҳида садо дода, Маскав онро "бе шарҳ" гузоштааст.
Ҳалокати ду афсари пулис аз бомбаи канори роҳ дар Покистон

Мақомот дар вилояти Хайбар-Пахтунхоҳи Покистон гуфтанд, ки дар таркиши бомбаи канори роҳ ду афсари пулис кушта ва чордаҳ ғайринизомӣ захмӣ шуданд.
Ҳодиса рӯзи 6-уми август дар ноҳияи Вазиристони Ҷанубӣ, дар наздикии сарҳади Покистон бо Афғонистон рух додааст.
Ҳарчанд то кунун касе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст, аксар вақт чунин ҳамлаҳоро "Таҳрики Толибони Покистон" анҷом медиҳад.
Дар ҳафтаҳои охир ҳамлаи шӯришиён дар Покистон бештар шуда, даҳҳо нерӯи амниятии ин кишвар ба ҳалокат расидаанд.
Ифшои 500 мавриди “сеҳру ҷоду ва фолбинӣ” дар Тоҷикистон

Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки дар 6 моҳи имссол тақрибан 500 мавриди “машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбиниро” ошкор карданд. Дар ин миён фақат дар шаҳри Душанбе 84 нафарро барои фолбинӣ, ки дар кишвар манъ аст, ҷарима баста, 6 нафарро ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаанд.
Моҳи июни соли гузашта дар Тоҷикистон барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ ҷазои сахт таъйин шуд. Бар асоси Кодекси ҷиноӣ, барои сеҳру ҷоду ва фолбинӣ аввал ҷарима мебанданд, вале агар касе аз ин таҷриба даст накашид ва такрор кард, мумкин аст, ҳазорон доллар ҷарима супорад ва ё то ду соли умрашро паси панҷара сипарӣ кунад.
Аз моҳи июни соли 2024 то кунун маъракаи васеъе ба зидди фолбинҳо дар Тоҷикистон идома дорад ва пайваста дар телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои боздошти онҳоеро намоиш медиҳанд, ки ба қавли мақомот ба мардумфиребӣ машғул ҳастанд.
Сабабҳои аслии оғози ин маърака маълум нест, агарчӣ ба қавли мақомот ҳадаф дур кардани мардум аз хурофот аст.
Дар гузашта баъзе аз фолбинҳо эътироф кардаанд, ки дар миёни муштариёнашон наздикони мансабдорони баландпоя ҳам ҳастанд, ки тавассути хешовандони худ аз онҳо мадад мехоҳанд.
Маблағҳои бонкии Рухшона Ҳакимова мусодира шудаааст

Додгоҳи олии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки маблағҳои бонкии Рухшона Ҳакимова, хабарнигори зиндонии тоҷик, ба фоидаи давлат мусодира шудааст.
Шавкат Лутфуллозода, муовини аввали раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон 7 август дар нишасти хабарӣ бо ишора ба инки, "ҷинояти содирнамудаи ӯ ба ҷиноятҳои махсусан вазнин" дохил мешавад, гуфт, ки "тибқи талаботи қонун", маблағҳои бонкии ӯ мусодира шуданд.
Аммо муовини аввали раиси Додгоҳи олӣ ҳаҷми ин маблағҳои мусодирашударо нагуфт.
Пулҳои Рухшона дар суратҳисоби бонкияш бештар аз 230 ҳазор сомонӣ гуфта мешуд. Ӯ дар Душанбе дар манзили иҷора ба сар мебурд ва ба гуфтаи наздиконаш, ин маблағро барои хариди манзил ҷамъ карда буд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи феврали имсол ин хабарнигори 31-сола ва модари ду фарзанди хурдсолро дар доираи парвандаи пурсарусадои "табаддулот", бо гуноҳи "хиёнат ба давлат" ба ҳашт сол зиндон маҳкум кард.
Шикояти Рухшона Ҳакимова ва вакили дифоаш барои бозбинии ҳукм рад шуд ва хабарнигорро 22-юми апрел ба зиндони занонаи шаҳри Норак бурданд. Ҳукми ин хабарнигор дар ҷомеаи Тоҷикистон сарусадои зиёдеро ба миён овард.
Даҳҳо намояндаи занони саршиноси тоҷик дар моҳи март бо фиристодани номае ба президент Эмомалӣ Раҳмон, хоҳони бозбинии ҳукми хабарнигор Рухшона Ҳакимова шуданд. Аммо мақомот ба ин нома вокуниш накарданд.
Вазорати адлия: Ҳизби сотсиал демократ дар бораи кораш ҳисобот надод

Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон, ки ягона ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон гуфта мешуд, имсол дар бораи кораш ба Вазорати адлия ягон ҳисобот пешниҳод накардааст.
Музаффар Ашӯриён, вазири адлия 7-уми август дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, онҳо низ намедонанд, ки чаро Ҳизби сотсиал демократ дар бораи кораш ба мақомот гузориш надодааст. "Мо дар ин масъала корбарӣ карда истодаем",-афзуд вазири адлия.
Баъди баста ва мамнӯъ эълон шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар соли 2015, Ҳизби сотсиал-демократ ягона ҳизби мухолиф дар кишвар гуфта мешуд.
Аммо фаъолияти ин ҳизб дар пайи вафоти муассис ва роҳбари собиқаш Раҳматилло Зойиров камранг шуд. Зойиров моҳи майи соли 2024 дар 67-солагӣ даргузашт.
ҲСДТ дар интихоботи порлумонии моҳи марти соли 2025 ширкат накард. Қиёмиддин Азизов, раиси нави Ҳизби сотсиал демократ барои расонаҳо дастнорас аст.
ҲСДТ аз соли 2002 дар интихоботҳои порлумонӣ ширкат мекард, вале ҳеч гоҳ ба порлумон роҳ наёфт. Намояндагони ҳизб аз тақаллуб дар интихоб шикоят доштанд.
Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ фаъолият мекунад. Аксар курсиҳои порлумонро ҳизби ҳоким, дар ихтиёр дорад.
Талоқ дар Тоҷикистон камтар шудааст

Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, имсол ҷудошавии оилаҳо дар Тоҷикистон камтар шудааст.
Тибқи омори расмӣ, дар нимаи аввали соли равон дар Тоҷикистон 4117 оила барҳам хӯрдааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 291 адад камтар будааст.
Намояндагони Вазорати адлия гуфтанд, омори барпошавии оилаҳо тақрибан бетағйир аст. Дар ним сол дар кишвар каме бештар аз 30 ҳазор ақди никоҳ сабт шудааст.
Пошхӯрии оилаҳо ва маҳрум шудани фарзандон аз тарбияи яке аз волидайн, солҳост, ки аз мавзуъҳои нигаронкунанда дар ҷомеаи Тоҷикистон аст.
Виткоф ва Путин дар бораи ҷанг дар Украина гап задаанд

Стив Виткоф, фиристодаи вижаи Амрико ва Владимир Путин, раисҷумҳури Русия тақрибан се соат мулоқот карда, аз ҷумла дар бораи ҷанг дар Украина гап задаанд.
Дидору суҳбати онҳо рӯзи 6-уми август дар Кремл гузашт. Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия, вохӯриро "бисёр муфид ва созанда" номид.
Ин мулоқот ду рӯз пеш аз муҳлате баргузор шуд, ки раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп барои поён додани ҷанги Русия дар Украина таъйин кардааст.
Ушаков гуфт, “ҷониби Русия дар масъалаи Украина паёмҳои мушаххас дод ва ҳамзамон паёмҳои президент Трампро шунид". Ба гуфтаи ӯ, илова бар мавзӯи ҷанг дар Украина, дурнамои рушди ҳамкориҳои миёни ду кишвар баррасӣ шудааст.
Дар ҳар сурат, Юрий Ушаков таъкид кард, ки то замони гузориш додани Виткоф ба Трамп шарҳи бештар дода нахоҳад шуд.
Стив Виткоф рӯзи чоршанбе ба Маскав расид ва ӯро Кирилл Дмитриев, раҳбари Бунёди сармоягузории мустақими Русия, пешвоз гирифт. Навори хабаргузории давлатии ТАСС нишон медиҳад, ки онҳо пеш аз мулоқот дар боғи назди Кремл сайр доштанд. Сипас Дмитриев гуфт, ӯ ва Ушаков низ дар мулоқоти Путин бо Виткоф иштирок доштанд.
"17% кам." Чаро сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон коҳиш ёфт?

Дар шаш моҳи аввали имсол ба иқтисоди Тоҷикистон тақрибан 145 миллион доллар сармояи мустақим ворид шудааст ва ин дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ҳабдаҳ дарсад камтар аст.
Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, рӯзи 6-уми август дар ин бора дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ӯ суръати пойини интернет ва набудани хатсайрҳои зиёди ҳавоиро аз сабабҳое номбар кард, ки боис ба коҳиши воридоти сармоя шудаанд. "Омили дигаре, ки фикр мекунам бисёр ҷиддӣ аст, маҳдуд будани бозори дохилии Тоҷикистон аст," – афзуд Раҳимзода.
Ба қавли ин мансабдор, "Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои дигари минтақа дар хушкӣ аст, ба баҳру бозорҳои ҷаҳонӣ роҳ надорад. Дуюм. Шумораи аҳолӣ 10-10,5 миллион нафар аст. Ширкатҳои бузург пеш аз ҳама бозори дохилиро меомӯзанд. Ҳамин мушкилоти объективӣ ҷалби сармояро ба Тоҷикистон камтар мекунад."
Дар гузашта сармоягузорон аз шароити кор дар Тоҷикистон аз ҷумла, молиёт ё андоз ва тафтишҳои зиёду миёншикан шикоят карда буданд. Шикоятҳои ба ин монанд аз забони сафирони пешини Иттиҳоди Аврупо ва Русия дар Душанбе низ садо дода буд.
Ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, бештари сармоягузории мустақим ба иқтисоди Тоҷикистон аз сӯйи Чину Бритониё, Русия, Қазоқистон ва Ҷопон сурат гирифтааст.
Озарбойҷон як зани гумонбар ба қаллобиро ба Тоҷикистон додааст

Додситонии кулли Озарбойҷон Раъно Шарифоваи 51-соларо ба мақомоти Тоҷикистон супурдааст.
Ин зан ба қаллобӣ гумонзад аст ва аз соли 2021 таҳти ҷустуҷӯйи байнулмилалӣ буд.
Ӯро дар аввали имсол дар Озарбойҷон дастгир карданд.
Дафтари матбуоти Додситонии кулли Озарбойҷон рӯзи 5-уми август дар баёнияе гуфт, тасмими супоридани Раъно Шарифова бар асоси Конвенсияе амалӣ шуд, ки моҳи октябри соли 2002 қабул шудааст.
Дидори фиристоди хоси Амрико бо Путин дар Маскав

Стив Виткоф, фиристодаи хоси Амрико, рӯзи шашуми август бо президенти Русия Владимир Путин дидор кардааст. Навори мулоқоти ду тарафро Кремл нашр кард.
Сафари Виткоф ба Маскав ду рӯз пештар аз зарбулаҷали Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико сурат гирифт.
Ӯ гуфтааст, агар Русия то рӯзи 8-уми август ҷангро дар Украина бас накунад, таҳти таҳримҳои сахт қарор мегирад.
Ҳамзамон Трамп ба харидорони асосии нафти Русия, аз ҷумла Ҳинду Чин таҳдид кардааст, ки агар хариди нафти русиро бас накунанд, аз ин кишварҳо боҷи иловагӣ меситонад.
Чанд соат пеш аз расидани Виткоф ба Маскав, Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, гуфт, “русҳо талош доранд, ки ҳамлаҳои худро сахттар кунанд.”
“Бисёр муҳим аст, ки Маскав барои идома додани ҷанг фишори ҷаҳон, фишори Иёлоти Муттаҳида ва таҳдиди таҳримҳои бештарро эҳсос мекунад,” – афзуд Зеленский.
"Ба об афтоданд." Ҷустуҷӯи ду сарбози Вазорати дифоъ дар дарёи Вахш

Ду сарбози яке аз қисмҳои низомии Вазорати дифои Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Кӯшониён, дар дарёи Вахш ғарқ шудаанд.
Мақомот дар Хатлон гуфтанд, ки ҳодиса рӯзи 30-юми июл иттифоқ уфтод ва аз он замон ҷустуҷӯи сарбозон идома дорад.
Як манбаи Радиои Озодӣ дар Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Хатлон аз сарбозони ғарқшуда Солеҳ Худойбердиеви 19-сола ва Равшан Муҳаммади 20-сола ном бурд.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, "амалиёти ҷустуҷӯи ду сарбоз дар соҳили Вахш то ноҳияи Қубодиён идома дорад. Сабаби дер пайдо шудани ҷасадҳо, баланд будани сатҳи оби дарёи Вахш ва бо шиддат ҷорӣ шудани он аст."
Ҳафтаи гузашта низ ду ҷавон дар дарёи Вахш ғарқ шуда буданд ва ҷасади онҳо то ҳол пайдо нашудааст. Яке аз пайвандони ин ҷавонони ғарқшуда аз ноҳияи Кӯшониён ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар баробари кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода худи онҳо низ дар соҳили дарё ҷасадҳоро ҷустуҷӯ доранд.
Тибқи омори расмӣ, аз аввали сол дар кӯлҳову дарёҳои вилояти Хатлон беш аз 50 нафар ғарқ шудаанд. Аксарияти онҳо дар рӯзҳои гарм ва ҳангоми оббозӣ дар соҳили кӯл ё дарё ҷони худро аз даст додаанд.
Камбуди ҳавзҳои шиноварӣ дар аксар шаҳру навоҳӣ ҷой дорад ва сокинон дар рӯзҳои гарм дар кӯлу дарёҳо оббозӣ мекунад, ки гоҳо ба марги онҳо меанҷомад.
"Тоҷпромбонк" 28 млн сомонии муштариёнашро надодааст

"Тоҷпромбонк" - яке аз собиқ бонкҳои Тоҷикистон, то ҳол бистуҳашт миллион сомонии 177 амонатгузорашро барнагардондааст.
Зулфия Саидзода, додраси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфт, ин бонк то моҳи октябри соли 2027 муҳлат дорад, ки пули амонатгузоронро баргардонад.
Ба иттилои манбаъ, "бинобар пурра иҷро нагардидани ӯҳдадориҳо ва ба фурӯш нарафтани дороиҳо", мӯҳлати мурофиаи муфлисшавии бонки мазкур дароз карда шудааст.
Қаблан мақомот гуфта буданд, ки "Тоҷпромбонк" ҳангоми муфлисшавиаш аз 5 ҳазору 929 амонатгузор қарздор буд ва дар ин муддат қарзи 5 ҳазору 752 амонатгузорро пардохт кардааст.
Раванди муфлисшавии "Тоҷпромбонк" моҳи марти соли 2017 бо қарори Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе оғоз гардида буд.
Қарори бозхонди иҷозатномаи бонк рӯзи 24-уми феврали соли 2017 аз сӯи Бонки миллии Тоҷикистон содир гардид. Бонк 1-уми августи соли 2023 расман аз ҷониби Додгоҳи олии иқтисодӣ муфлис эълон гардид.
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон борҳо ваъда додаанд, ки аз ҳисоби фурӯши амволи бонкҳои муфлисшуда маблағи мардум бозпас дода мешавад.
Муштариён то ҳол нигарони амонатҳои гузоштаашон ҳастанд.
Парванда бар зидди 156 кас барои надодани "алимент"

Хадамоти иҷрои Тоҷикистон мегӯяд, барои барқасдона саркашӣ намудан аз пардохти маблағи алимент, нисбати 156 тан аз падарони қарздор парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидаааст.
Аз инҳо 25 кас зиндонӣ шуда, 107 тан ба корҳои ислоҳӣ ҷалб шуданд ва 25 нафари дигарро ҷарима карданд. Ҳамчунин, 410 нафарро барои саркашӣ аз пардохти маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи зист, дар кофтуков қарор додаанд.
Раҳбарони Хадамоти иҷро, ниҳоди амаликунандаи амру дастурҳои додгоҳ гуфтанд, дар 6 моҳи соли ҷорӣ беш аз 57 миллион сомонӣ ба модару кӯдак ҳамчун алимент пардохт шудааст.
Аҳтам Абдуллозода, сардори ин ниҳод гуфт ба Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ё "рӯйхати сиёҳ"-и ин Хадамот, танҳо дар 6 моҳ ҳазору 308 шахси воқеӣ ва 10 шахси ҳуқуқӣ ворид карда шуданд, ки баъди ин наметавонанд кишварро тарк кунанд.
Ба ин феҳрист қарздороне дохил мешаванд, ки тибқи қарорҳои додгоҳ бояд маблағи қарзро пардохт кунанд. Ба иттилои ин ниҳод, дар умум то имрӯз, 2 ҳазору 910 нафар дар ин феҳрист қарор доранд.
Дар Тоҷикистон барои саркашӣ аз пардохти алимент ҷарима ё то се сол зиндон таъйин шудааст.
Тафтишу боздошти садҳо хориҷӣ дар Маскав. Муҳоҷирони тоҷик ҳам ҳастанд

Мақомоти интизомии Русия мегӯянд, дар ҷараёни як амалиёт танҳо дар шаҳри Маскав 400 хориҷиро тафтиш ва сесад нафари онҳоро дастгир кардаанд, ки дар байнашон ғолибан муҳоҷирони тоҷик ҳам ҳастанд.
Дар видеое, ки Горди миллии Русия дар каналаш дар Телеграм нашр кард, дида мешавад, ки чӣ гуна маъмурони амниятӣ муҳоҷирони зиёдеро қатор гузоштаанд ва баъзеҳоро намоишкорона тафтиш мекунанд.
Горди миллии Русия бо нашри баёнияи расмӣ гуфтааст, амалиёт дар яке аз ҳостел ё меҳмонсароҳои маркази Маскав сурат гирифт.
Дар миёни боздоштшудагон, ба иттилои расмӣ, 300 нафар ба риоят накардани қоидаҳои муҳоҷират муттаҳам мешаванд ва онҳоро барои идомаи тафтиши санадҳояшон ба идораҳои пулис бурдаанд.
Маълум нест, ки чанд нафар аз дастгиршудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, вале дар дасти яке аз маъмурони пулис як шиносномаи тоҷикӣ ба таври рӯшан дида мешавад.
Ба қавли Горди миллии Русия, сарбозонаш ба кормандони Кумитаи тафтишот дар ин амалиёт кумак кардаанд.
Дар Русия дар як соли гузашта муҳоҷирситезӣ ва амалиёт ба зидди муҳоҷирон авҷ гирифтааст ва дар ин муддат даҳҳо ҳазор муҳоҷири тоҷикро бо ҳар баҳонае аз хоки Русия ихроҷ кардаанд.
Ду кушта ва даҳ захмӣ. Ҳамлаи нерӯҳои Русия ба Лозоваи Украина

Ҳамлаҳои низомии Русия дар рӯзи 5-уми август ба зерсохтҳои муҳим дар шаҳри Лозова дар минтақаи Харкови Украина осеби ҷиддӣ расонд ва боиси кушта шудани ду кас ва захмӣ шудани дастикам 10 нафар, аз ҷумла ду кӯдак шуд.
Ин ҳамла ҳудуди соати 3-и субҳ оғоз шуд ва боиси сӯхтор дар саросари шаҳр ва халалдор шудани рафтуомади қаторҳо дар минтақаи стратегии Лозова гашт.
Ширкати миллии роҳи оҳани Украина тасдиқ кард, ки яке аз кормандонаш, механики навбатдор, дар ин ҳамла кушта шудааст. Чаҳор коргари дигари роҳи оҳан захмӣ шудаанд ва таҳти дармон ҳастанд.
Ин ширкат гузориш дод, ки аксари ғайринизомиён дар минтақа муваффақ шуданд сари вақт ба паноҳгоҳҳо бирасанд ва аз талафоти бештар пешгирӣ шуд.
Сергей Зеленский, раҳбари маъмурияти низомии шаҳри Лозова гуфт, бомбаборон ба биноҳои истиқоматии баландошёна, хонаҳои шахсӣ ва зерсохтҳои калидӣ осеб расонд.
Ба гуфтаи вай, "мутаассифона, дар миёни захмиён кӯдакон низ ҳастанд". Зеленский афзуд, хадамоти изтирорӣ барои барқарор кардани обу барқ дар бахшҳои гуногуни шаҳр кор мекунад.