Раисҷумҳури Амрико рафтори Русияро бо Украина “нафратангез” хонд. Доналд Трамп рӯзи 31-уми июл гуфт, дар сурати ҳосил нашудани ягон созиш бо Маскав ба зидди Русия таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад.
Хонаводаи Маҳмурод Одинаев, муовини пешин ва зиндонии раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯянд, аҳволи ӯ баъди суол пурсидан дар як вохӯрӣ “бадтар шудааст ва аз Маҳмурод қасос мегиранд.”
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 30-уми июл ба зидди як ширкати азими киштиронӣ, ки онро писари яке аз ёварони баландпояи Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон мудирият мекунад, таҳрим ҷорӣ кард.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, мӯҳлати таъйиншуда барои созиши оташбас бо Украинаро, ки ба Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дода буд, то 10-12 рӯз кам мекунад. Ин дар ҳолест, ки норизоятӣ аз бомбборони пайвастаи Украина ва набуди пешрафт ба барқарории сулҳ меафзояд.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо бузургтарин созишнома дар бахши тиҷоратро имзо карданд. Дар ин бора президент Доналд Трамп 27-уми июл баъди музокирот бо Урсула фон дер Лейен, раиси Кумисюни Аврупо хабар дод. Гуфтугӯи Трамп ва Лейен дар Шотландия баргузор шуд.
Иттиҳоди Аврупо дар як баёнияе аз ҳукумати Русия хостааст, ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷикро риоят кунад.
Дар ҷараёни сафари давлатии Ухнаагийн Хурэлсух, раисҷумҳури Муғулистон ба Тоҷикистон, рӯзи 24-уми июл миёни ду ҷониб 10 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар мурофиаи пешакии муттаҳамони ҳамла ба «Крокус» тасмим гирифтанд, ки муҳокимаи парванда моҳи август оғоз шавад. Дафтари матбуоти додгоҳи Дуюми низомии ҳавзаи ғарбии шаҳри Маскав гуфтааст, мурофиа таҳти назари ҳайате аз се додрас шуруъ мешавад.
Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушд, як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷ, аз мақомот хостааст, барои ҳузури варзишгарони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар Бозиҳои Исмоилӣ иҷозат диҳад. Бозиҳои Исмоилӣ рӯзи 20-уми июл дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ оғоз шуд.
Ёфтҳои бештар