Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як намояндаи мухолифини тоҷик дар марзи Арманистон


Исмоил Холов
Исмоил Холов

Исмоил Холов, узви "Гурӯҳи 24", як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки фаъолияташ дар кишвар мамнуъст, аз сӯйи марзбонҳои Арманистон дастгир шудааст.

Як намояндаи посгоҳи сарҳадии Баграташени Арманистон рӯзи 5-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Холов аз тарафи мақомоти Тоҷикистон дар пайгард аст ва бинобар ин боздошт шуд.

"Феълан қазияи ӯ омухта мешавад ва ҳоло дақиқ нест, ки тасмими баъдӣ чӣ хоҳад буд. Ҳамаашро додгоҳ ҳал мекунад," – гуфт ҳамсуҳбати мо ва аз ин бештар иттилоъ надод.

Телефони Исмоил Холов фаъол нест. Маълум нест, ки ӯ аз куҷо меомад ва ҳадафи сафараш ба Арманистон чӣ буд.

Дар Тоҷикистон алайҳи Исмоил Холови 44-сола парванда боз шудааст ва ӯ дар ҳамкорӣ бо созмон ва ҳизбҳои фаъолияташон мамнуъ гумонзад аст.

Вай аз соли 2011 бо аъзои оилааш дар Русия мезист, аммо соли 2023 дар пайи зиёд шудани таъқибу фишор аз ин кишвар берун шуд.

Холов чанд моҳ пеш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки баъди суҳбат дар барномаҳои мухолифон ва пайвастан ба "Гурӯҳи 24" (соли 2015) бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Маскав дастгир шуда, шаш моҳро дар боздоштгоҳ гузаронд.

Қазияи Исмоил Холов ва таъқиби ӯ дар Русия борҳо расонаӣ шудааст ва Додгоҳи Аврупо аз ҳуқуқи вай ҳимоя мекард.

Хабаргузории давлатии "Ховар" дар соли 2018 муроҷиатномаи ин мухолифи ҳукумати Тоҷикистонро нашр кард, ки дар он гуфтааст, бо фиреб ба гурӯҳи мухолифи ҳукумат ҷалб шуд ва аз ин кор пушаймон аст. Худаш соле қабл гуфт, ин изҳоротро аз тарс ва зери таъқибу фишор навишт.

XS
SM
MD
LG