Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пул мехоҳем, на хона." Муҳлати барҳамдиҳии ду бонк боз дароз шуд


Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ
Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон муҳлати барҳамдиҳии “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро то моҳи июни соли 2027 дароз кард. Намояндагони додгоҳ гуфтанд, мудирони махсус давоми ду соли оянда бояд амволи бонкро фурӯхта, пули амонатгузоронро баргардонанд. Баъзе аз коршиносоне, ки Радиои Озодӣ бо онҳо суҳбат кард, мегӯянд, дароз кардани раванди барҳамдиҳии ду бонки дар гузашта калонтарин боварии мардумро ба низоми бонкии кишвар кам мекунанд.

Дар чор сол чӣ қадар пули мардумро баргардонданд?

“Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”, ки то чор сол пеш ду бонки низомсози Тоҷикистон ба ҳисоб мерафтанд, соли 2021 муфлис эълон шуданд. Ҳазорҳо муштарии ин ду бонк нигарони маблағҳои худ ҳастанд.

Зокир Аминзода, муовини раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ, рӯзи 5-уми август гуфт, аз 532,2 миллион сомонии амонатгузорони “Агроинвестбонк” 86,7 миллион сомонӣ баргардонда шудааст.

Ба гуфтаи Аминзода, аз 5711 муштарии “Агроинвестбонк” 2095 нафар маблағи худро пурра ва 3616 кас амонати худро қисман гирифтаанд.

Рӯзи 5-уми август дар Додгоҳи олии иқтисодӣ гуфтанд, шумори муштариёни “Тоҷиксодиротбонк” давоми чор сол хеле кам шудааст. Ба омори ахири Додгоҳи олии иқтисодӣ, аз 372,4 миллион сомонӣ амонати мардум дар “Тоҷиксодиротбонк”, танҳо 94,7 миллион сомонӣ боқӣ мондааст.

Ин бори дуюм аст, ки муҳлати барҳамдиҳии “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” тамдид карда мешавад. Муҳлати аввал барои поён додан ба кори ду бонк тобистони 2023 таъйин шуда буд ва баъдан то моҳи июни соли 2025 тамдид шуд.

Ба дароз кашида шудани муҳлати барҳамдиҳии ду бонк нигаронии муштариёнро ба миён овардааст. Аммо намояндагони Додгоҳи олии иқтисодӣ мегӯянд, “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” моликияти лозимро доранд, танҳо фурсат зарур аст, ки онро фурӯхта пули мардумро баргардонанд.

Чаро амволи ду бонк ба фурӯш намераванд?

Бо вуҷуди ваъдаи мақомот дар бораи бозгардонии пули мардум аз ҳисоби фурӯши амволи бонкҳо, амонатгузорон нигарони маблағҳои худ ҳастанд. Намояндагони Додгоҳи олии иқтисодӣ мегӯянд, муштариён пули нақд мехоҳанд ва дар баъзе ҳолат ба ҷойи маблағ амволро қабул намекунанд.

Ҳадди ақал ду муштарии “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” гуфтанд, амволе, ки бар ивази маблағ пешниҳод мешавад, нархи баланд дорад.

“Масалан як хона дар бозор агар 50 ҳазор доллар нарх дошта бошад, ба шумо 70-80 ҳазор доллар пешниҳод мекунанд. Ин бар зарари мо аст ва барои ҳамин талаб мекунем, ки пуламонро нақд бигирем”, - мегӯяд Аъзам, як муштарии “Агроинвестбонк”.

Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 5-уми август дар нишасти Додгоҳи олии иқтисодӣ ин суолро матраҳ кард, ки чаро амволи бонкҳои муфлисшуда бо нархҳои баланд ба мизоҷон пешниҳод мешавад? Намояндагони Додгоҳи олии иқтисодӣ дар ин бора посухи мушаххас надоданд.

Зулфия Саидзода, додраси Додгоҳи олии иқтисодӣ гуфт, амонатгузороне, ки “мехоҳанд пули нақд гиранд, дар онҷо дороиҳо ҳаст, метавонанд ба мудири махсус пешниҳод карда дороӣ гиранд. Ин таҷриба аз рӯи қонун пешниҳод шудааст.”

Як масъули дигари Додгоҳи олии иқтисодӣ, ки аз масъала огоҳ аст, гуфт, дар баъзе ҳолат амволи бонкҳо баҳсӣ аст ва барои ҳамин муштариён намехоҳанд онро бигиранд.

“Масалан як кас хонаашро дар бонк гарав монда, қарз гирифтааст. Вақте хонаро гирифтанӣ мешаванд, қарздор даъво мекунад. Барои ҳамин баъзе муштариёни бонкҳои муфлисшуда намехоҳанд бар ивази амонати гузоштаашон хона гирифта, боз додгоҳ ба додгоҳ баҳс карда гарданд”, - афзуд ин намояндаи Додгоҳи олии иқтисодӣ.

Коршинос: масъала бояд зудтар ҳал шавад

Ҳабиб Қодир, ки таҷрибаи кор дар бонкҳои Тоҷикистонро дорад, мегӯяд, мушкили “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” шояд ба низоми бонкии кишвар мустақим таъсир нарасонад, аммо метавонад боварии мардумро ба ин соҳа камтар кунад.

“Мардум мебинад, ки муштариёни ин бонкҳо барои гирифтани пули худашон чӣ қадар сарсон мешаванд. Дар ин ҳолат боварии мардум ба низоми бонкӣ кам мешавад. Вақте низоми бонкӣ боварии мардумро аз даст дод, рушди зарурӣ намекунад. Чун бонкҳо асосан бо амонати мардум кор мекунанд”, – афзуд ин коршинос.

Баъд аз соли 2016 чор бонки Тоҷикистон "Тоҷпромбонк", "Фононбонк", "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" бо мушкили пардохтпазирӣ дучор ва дертар муфлис эълон шуданд. Ба иттилои расмӣ, аз миёни ин чор бонк фақат “Фононбонк” пурра барҳам хӯрда буд.

Дар ин миён як гуруҳ муштариёни "Тоҷпромбонк" ҳам бо гузашти 8 сол маблағи худро бозпас гирифта наметавонанд. Тибқи иттилои ахири Додгоҳи олии иқтисодӣ, 28 миллион сомонӣ маблағи амонати 177 муштарии “Тоҷпромбонк” то ҳол баргардонда нашудааст.

XS
SM
MD
LG