Дар шаш моҳи аввали имсол ба иқтисоди Тоҷикистон тақрибан 145 миллион доллар сармояи мустақим ворид шудааст ва ин дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ҳабдаҳ дарсад камтар аст.
Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, рӯзи 6-уми август дар ин бора дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ӯ суръати пойини интернет ва набудани хатсайрҳои зиёди ҳавоиро аз сабабҳое номбар кард, ки боис ба коҳиши воридоти сармоя шудаанд. "Омили дигаре, ки фикр мекунам бисёр ҷиддӣ аст, маҳдуд будани бозори дохилии Тоҷикистон аст," – афзуд Раҳимзода.
Ба қавли ин мансабдор, "Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои дигари минтақа дар хушкӣ аст, ба баҳру бозорҳои ҷаҳонӣ роҳ надорад. Дуюм. Шумораи аҳолӣ 10-10,5 миллион нафар аст. Ширкатҳои бузург пеш аз ҳама бозори дохилиро меомӯзанд. Ҳамин мушкилоти объективӣ ҷалби сармояро ба Тоҷикистон камтар мекунад."
Дар гузашта сармоягузорон аз шароити кор дар Тоҷикистон аз ҷумла, молиёт ё андоз ва тафтишҳои зиёду миёншикан шикоят карда буданд. Шикоятҳои ба ин монанд аз забони сафирони пешини Иттиҳоди Аврупо ва Русия дар Душанбе низ садо дода буд.
Ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, бештари сармоягузории мустақим ба иқтисоди Тоҷикистон аз сӯйи Чину Бритониё, Русия, Қазоқистон ва Ҷопон сурат гирифтааст.