"Дар мурофиа ширкат надорем". Посухи додситонӣ дар бораи "Крокус"

Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, намояндагони ин ниҳод дар мурофиаҳои додгоҳии гумонбарони ҳамла ба "Крокус" ширкат надоранд.

Аз 19 нафаре, ки дар доираи парвандаи ҳамла ба "Крокус" боздошт шудаанд, аксарашон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. Бо шурӯи мурофиаи ин афрод дар санаи 4-уми август, даъватҳое садо дод, ки намояндагони Тоҷикистон бояд аз шаҳрвандони худ ҳимоят кунанд.

Аммо Ҳабибулло Воҳидзода, Додситони кулли Тоҷикистон 8-уми август дар нишасти хабарӣ гуфт, дар рафти тафтиши қазияи "Крокус" ва ҳам мурофиаи гумонбарон, намояндагони додситонӣ "иштирок кардагӣ нест."

Воҳидзода сабаби инро ба он рабт дод, ки "ҳар давлат қонунгузории худашро дорад ва барои кадом намуд ҷиноятҳо чигуна ҷавобгар мекунад, дар асоси қонунгузории худаш амалӣ менамояд."

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз Додситони кул пурсид, ки мутобиқи қонунҳои байнулмилалӣ намояндагони Тоҷикистон наметавонанд дар мурофиаи гумонбарони "Крокус" ширкат кунанд?

Ҳабибулло Воҳидзода дар посух ба ин суол гуфт, "барои ширкат кардан бо созиши тарафҳо мешавад, оё тарафҳо барои ин кор розӣ ҳастанд ё нестанд. Вале чунин иқдом аз ҷониби касе пеш бурда нашудааст".

Рӯзи 30-юми июл Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳам гуфт, онҳо қазияи ҳамла ба "Крокус"-ро пайгирӣ мекунад, "аммо ҳаққи дахолат дар баррасии додгоҳӣ"-ро надоранд.

Баррасии парвандаи ҳамла ба "Крокус" дар яке аз додгоҳҳои Маскав идома дорад.

Дар курсии гумонбарон дар ҷиноят 19 нафар нишастаанд. Онҳо ба тарҳрезиву мусоидат ва анҷоми ҳамлаи террористӣ муттаҳам мешаванд.

Дар ҳамлаи террористӣ ба "Крокус" дар канори Маскав дар рӯзи 22-юми марти соли 2024, 149 нафар нафар кушта ва 609 каси дигар маҷруҳ шуданд.