Додситони кул: Ягон нафар барои ширкат дар ҷанги Украина ҷавобгар нашудааст

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон

Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, ягон шаҳрванди кишвар "барои иштирок дар муҳорибаҳои Украина", ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудааст.

Ҳабибулло Воҳидзода, Додситони кулли Тоҷикистон 8-уми август дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, "оиди ин масъала маълумотҳои омории дақиқ вуҷуд надорад".

“Баъзе шаҳрвандон худашон душаҳрвандӣ доранд, чӣ шаҳрвандии Тоҷикистон ва чӣ шаҳрвандии Русия. Дар ҳоле, ки шаҳрвандии ягон кишварро қабул мекунед, талабот ва ӯҳдадориҳои он давлатро бояд риоя кунед. Яъне, масъалаи иштирок карданро худи давлат масъалагузорӣ мекунад нисбати ҳамон шахсе, ки шаҳрвандиро қабул кардааст. Барои ҳамин, ин ба шаҳрвандии худи шахс вобаста асту ба хоҳишу ӯҳдадориҳои ӯ",-гуфт Ҳабибуло Воҳидзода.

Изҳороти Додситони кул дар ҳоле садо медиҳад, ки рӯзи 4-уми август раисҷумҳури Украина аз ҳузури зархаридони хориҷӣ, аз ҷумла, аз Тоҷикистон дар ҷабҳаи аввали ҷанг суҳбат кард.

Владимир Зеленский дар баёнияе дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, "ҷанговарони мо дар ин қисмат дар бораи ширкати зархаридон аз Чин, Тоҷикистон, Узбекистон ва Покистону кишварҳои африқоӣ дар ҷанг гузориш медиҳанд. Мо ба ин посух хоҳем дод."

Дар бораи ҳузури тоҷикон дар ҷанги Русия ба зидди Украина то кунун гузоришҳои зиёде нашр шудаанд. Аз ҷумла, Радиои Озодӣ дар бораи кушта шудани даҳҳо зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Украина ва ё маҷбурӣ аз кӯчаву зиндон ба артиши Русия бурда шудани онҳо гузориш дод.

Чанде пеш тарҳи давлатии "Зистан мехоҳам" (Украина) номи бештар аз 900 зодаи Тоҷикистонро нашр кард, ки бо артиши Русия қарордод баста, дар ҷанг ширкат кардаанд ва тақрибан 200 нафарашон ҳам кушта шудаанд.

Як таҳқиқоти рӯзноманигории Бӣ-бӣ-сӣ ва "Медиазона" ҳам номи 72 шаҳрванди Тоҷикистонро маълум кардааст, ки аз тарафи Русия ба ҷанги Украина рафта, он ҷо кушта шудаанд.

Теъдоди дақиқи зодагон ё шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ҷанги Русия зидди Украина ҷалб шудаанд, маълум нест.

Мақомоти Тоҷикистон соли 2023 танҳо сад мавриди ҷалби маҳбусони тоҷикро аз зиндонҳои Русия ба ҷанг тасдиқ карда, дигар дар ин бора маълумоте надодаанд. Танҳо дар чанд маврид аз муҳоҷирон хостаанд, ки ба ҷанги бегона нараванд, чун ҷавобгарӣ дорад.