Ҳукумати Исроил тарҳи ишғоли Ғаззаро тасдиқ кард

Дафтари Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил гуфтааст, ки кобинаи амниятии ин кишвар тарҳи ишғоли Ғаззаро тасдиқ кардааст.

Ин тасмим, ки субҳи 8 август эълон шуд, нишонаи дигаре аз густариши доманаи ҷанге аст, ки аз 22 моҳ ба ин тараф идома дорад.

Пеш аз ин Нетаняҳу гуфта буд, ки барои аз байн бурдани гурӯҳи "Ҳамос", ниёз аст то Исроил ҳамаи Ғаззаро тасарруф кунад ва дар ниҳоят идораи онро ба "нерӯҳои дӯсти араб" бисупорад.

Гурӯҳи "Ҳамос" дар вокуниш ба ин тасмими кобинаи амниятии Исроил гуфтааст, ки Нетаняҳу барои манфиатҳои шахсии худ, гаравгонҳоро "қурбонӣ" хоҳад кард.

Хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" гузориш додааст, ки ишғоли комили Ғазза мумкин аст боиси кушта шудани шумори зиёди фаластиниҳо шавад.

Ин амр ҳамчунин сарнавишти гаравгонҳои исроилиро, ки дар асорати "Ҳамос" ва дигар гурӯҳҳои фаластинӣ ҳастанд, ба хатар меандозад.

Ҷанги навбатӣ миёни Исроил ва фаластиниҳо рӯзи 7 октябри соли 2023 бо ҳамлаи гурӯҳи "Ҳамос" ба Исроил, оғоз шуд. Дар ин ҳамла 1200 исроилӣ кушта ва 250 тани дигар ба гарав бурда шуданд.

Дар ҳамлаҳои Исроил дар 22 моҳи гузашта, беш аз 61 ҳазор фаластинӣ ҷон бохта, даҳҳо ҳазор тани дигар захмӣ шудаанд. Аксари кушташудаҳои ҷониби фаластинӣ, занон ва кӯдакон ҳастанд.