Муоинаи ҳатмии муҳоҷирон. Қонуни нав дар Узбекистон

Акс аз бойгонӣ

Вакилони мардумии Узбекистон қонунеро қабул карданд, ки муоинаи тиббии муҳоҷирони кориеро, ки 90 рӯз бештар дар хориҷ аз кишвар будаанд, ҳатмӣ месозад.

Талаботи ба ин монанд барои хориҷиёни муқими Узбекистон ва шахсони бидуни шаҳрвандӣ низ таъйин шудааст.

Қонунро Маҷлиси Олӣ ё палатаи болоии порлумони Узбекистон рӯзи 1-уми август қабул кард.

Ҳадафи он ошкор кардани бемории ВИЧ/СПИД ё вируси норасоии масунияти бадан, сил ва ё бемориҳои дигари сироятии хатарнок барои аҳолӣ гуфта шудааст.

Бар асоси қонун, афроди аз 18 то 60-солае, ки бештар аз 90 рӯз хориҷ аз Узбекистон будаанд, баъди бозгашт бояд ҳатман аз муоинаи тиббӣ бигзаранд, то маълум шавад, ки бемориҳои сироятии мазкурро доранд ё на.

Дар баёнияи расмии Маҷлиси Олии Узбекистон омадааст, соли 2024 дар миёни 434 ҳазор нафари бозгаштае, ки барои бемории норасоии масунияти бадан ихтиёран муоина шудаанд, бештар аз 1500 нафари мубтало ба беморӣ кашф ва сабт шудааст. Дар байни 81 хориҷӣ ҳам ин бемориро ёфтаанд.

Дар Тоҷикистон ҳам мақомоти расмӣ мегӯянд, дар байни тамоми гирифторони бемории ВИЧ/СПИД дар кишвар ҳар саввумин нафари онҳо муҳоҷири корӣ будаанд.

Маркази мубориза бо бемории норасоии масунияти бадан ва пешгирӣ гуфтааст, дар Тоҷикистон дар 5 соли гузашта тақрибан 5500 мавриди нави беморӣ сабт шудааст ва 22 дар сади гирифторон ҳам муҳоҷирон будаанд.